Май 06, 2024 11:19 Asia/Dushanbe
  • Мазореъи кишоварзии Тоҷикистон мавриди ҳамлаи офати малахи марокешӣ
    Мазореъи кишоварзии Тоҷикистон мавриди ҳамлаи офати малахи марокешӣ

Мазореъи кишоварзии Тоҷикистони мавриди ҳамлаи офати малахи марокешӣ қарор гирифт

Мазореъи манотиқӣ монанди Панҷ , Фархор , Вахш , Кӯшонён , Хуросон , Ҷалолиддини Балхӣ , Вахши ва Данғара дар маърази таҳоҷуми шаддиди малахҳо қарор гирифт .

Бар асоси гузориши барномаи ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ( ФАО ) , ҳамлаи малахи Марокашӣ на танҳо дар Тоҷикистон , балки дар Узбекистон ва Афғонистон низ мушоҳида шудааст.

Дар ҳамин ҳол , Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба кишоварзон итминон дод ки вазъияти феъли нигаронии чандоне эҷод намекунад , зеро иқдомот барои мубориза бо малахҳо ба мавқе иҷро мешавад .

Бар асоси эъломи Вазорати зироат , дар маҷмӯъ беш аз 124 ҳазор ҳектори замин бо васоили лозим барои муқобила бо ҳашарот сампошӣ мешаванд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия плюс ; « Ҳудӯди 1000 коргар барои ин манзур фарохонда шуданд . Ҳамчунин 34 трактори сампош , 645 дастгоҳи сампоши дастӣ ва 11 маторкучики сампош барои офатзудои дарназар гирифта шуд .

Давлат 4 миллион сомонӣ барои муқобила бо ин фоҷеъа ихтисос додааст ки барои хариди либосҳои муҳофиз , сампош ва таҷҳизоти ҳифозатии шимиёии лозим истифода мешавад .