Январ 08, 2017 10:35 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси рус: Маскав ва Душанбе ба ихтилоф бар сари парвозҳо поён диҳанд

Коршиноси русӣ масоили Осиёи Марказӣ муътақид аст, Русия ва Тоҷикистон ҳарчи зуддтар ба ихтилоф бар сари парвози ҳавопаймоҳо миёни ин ду кишвар поён диҳанд.

Ба гузориши сойти CA News, Аркадий Дубнов таъкид кардааст, ки Русия ва Тоҷикистон ду кишвари узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ (СПАД) мебошанд ва акнун ба далоили манофеи иқтисодӣ, бар сари парвози ҳавопаймоҳо миёни ин ду кишвар аз авохири соли гузашта (2016) дар муносиботи Маскав ва Душанбе ихтилофи шадид буруз кардааст, ки ҳеҷ тараф ҳозир ба гузашт нест.

Дар ҳоле , ки дар соли ҷадиди 2017 барномаи тақвияти марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон дар дастури кори сарони СПАД қарор дорад ва Душанбе ва Маскав бояд ҳарчи сареътар барои ҳалли ихтилофи дуҷониба, бар сари парвози ҳавопаймоҳо иқдом кунанд. Зеро аксар аз манотиқи марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон дар кӯҳистонҳои мушкилгузар воқеъ шуда, ки контроли он кори бисёр сахт мебошад ва Душанбе бидуни кумаки низомӣ ва фаннии Маскав барои ҳифозат аз марзи хеш дар баробари таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир бо мушкил рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Аз дидгоҳи Аркадий Дубнов дар ҳоли ҳозир дар манотиқи шимолии Афғонистон дар таркиби гурӯҳҳои ДИИШ ва Толибон теъдоди зиёде аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ҳузур доранд, ки барои мақомоти амниятии ин ҷумҳуриҳо нигаронкунанда аст.

 

 

Барчасп