Май 07, 2024 11:28 Asia/Dushanbe
  • Баргузории шашумин нишасти Комиссияи муштараки консулии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон

Шашумин нишасти Комиссияи муштараки консулии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон баргузор шуд.

 Шашумин нишасти Комиссияи муштараки консулии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон ба раёсати Алиризо Бегдилӣ-муовини консулӣ, маҷлис ва эрониёни Вазорати умури хориҷаи Эрон ва Фаррух Шарифзод,муовини иқтисодӣ ва консулии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар Теҳрон баргузор шуд.

 Ҳайатҳои ду тараф дар бораи мавзӯъоти консулӣ аз ҷумла раводид, осонсозии тараддуди шаҳрвандон, заминасозии ҳамкориҳои илмӣ, омӯзишӣ, ҳуқуқӣ, қазоӣ, полисӣ, ҳимоят аз ронандагон ва ҳаллу фасли мушкилоти шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави кишварҳои якдигар гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

 

Барчасп