Ҳузури ҳайати Тоҷикистон дар сеюмин ҳамоиши байналмилалии сармоягузории Тошканд
(last modified Wed, 08 May 2024 04:47:49 GMT )
Май 08, 2024 09:47 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкории саноатӣ байни Тоҷикистону Узбакистон
    Баррасии ҳамкории саноатӣ байни Тоҷикистону Узбакистон

Ҳайати Тоҷикистон дар сеюмин ҳамоиши байналмилалии сармоягузории Тошканд ширкат кард.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раёсати Сулаймон Зиёзода, муовини нахуствазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сеюмин ҳамоиши байналмилалии сармоягузорӣ дар Тошканд ширкат кард.

Намояндагони беш аз 90 кишвари ҷаҳон дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ширкат карданд. Дар ҳошияи ин ҳамоиш ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири кишоварзии Ҷумҳурии Узбакистон дидор ва дар хусуси иҷрои асноди имзошудаи қаблӣ дар ростои густаришу пешниҳоди ҳамкорӣ дар заминаи саноатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Узбакистон баҳсу табодули назар кард.