Тавсияи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба шаҳрвандон дар бораи сафар ба Қазоқистон
(last modified Wed, 08 May 2024 08:00:46 GMT )
Май 08, 2024 13:00 Asia/Dushanbe
  • Баъди Русия акнун навбати Қазоқистон дар сахтгирӣ нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон
    Баъди Русия акнун навбати Қазоқистон дар сахтгирӣ нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба шаҳрвандони ин кишвар тавсия кардаст, қабл аз сафар ба Қазоқистон мадорики лозимро ба ҳамроҳ дошта бошанд.

Мақомоти Тоҷикистон аз тақвияти тадобири амниятӣ дар ҳангоми вуруд ба Қазоқистон хабар доданд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон муваззафанд тайи истеъломҳову бозрасиҳои мақомоти марзиву гумрукии Қазоқистон дар ҳангоми вуруд ба он кишвар ба суолоти марбут ба ҳадафи сафар, замони таваққуф ё иқомат, маҳалли сукунат, равобити хонаводагӣ ва дӯстӣ бо онҳо посух диҳанд.