Саргардонии 30 шаҳрванди тоҷик дар фурудгоҳи Маскав
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i115314-Саргардонии_30_шаҳрванди_тоҷик_дар_фурудгоҳи_Маскав
Расонаҳои Тоҷикистон аз саргардонии беш аз 30 шаҳрванди кишвар дар фурудгоҳи Маскав - пойтахти Русия хабар доданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июн 19, 2024 09:21 Asia/Dushanbe
  • Саргардонии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия
    Саргардонии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия

Расонаҳои Тоҷикистон аз саргардонии беш аз 30 шаҳрванди кишвар дар фурудгоҳи Маскав - пойтахти Русия хабар доданд.

Ба гузориши асри сешанбеи хабаргузории “Азия плюс”, ба дунболи ҳамлаи террористии маргбор ба як толори консерт дар наздикии шаҳри Маскав ва афзоиши контрол бар шиносномаи шаҳрвандони дигар кишварҳо, беш аз 30 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳафтаи гузашта дар фурудгоҳи “Внуково”-и Маскав саргардон шудаанд.

Бар асос додаҳои Вазорати умури дохилии Русия, дар Русия зери як миллион коргари муҳоҷир аз Тоҷикистон ва ҳамчунин миллионҳо муҳоҷири кории дигар кишварҳо ҳузур доранд.