Май 08, 2024 18:10 Asia/Dushanbe
  •  Таъкиди Эрон ва Тоҷикистон бар густариши ҳамкориҳои кишоварзӣ

Дар дидори масъулони кишоварзии Эрон ва Тоҷикистон ду тараф бар тавсеаи ҳамкориҳои муштарак дар заминаҳои мухталиф таъкид карданд.

Ба гузориши ИРНА, нахустин нишасти гуруҳи кории ҳамкориҳои муштараки кишоварзӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон, ки ба сурати бархат(онлайн) баргузор шуд, муовини обу хоки Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Эрон бар густариши ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ ба вежа дар ҳавзаҳои фановарӣ, таҷҳизоти обу хок, саноеъи фароварӣ ва тиҷорат таъкид кард.

 Сафдар Ниёзии Шаҳракӣ дар ҳамин ҳол хост дар ростои иҷрои тафоҳумномаҳое, ки миёни ду кишвар имзо гардида, барномаи амал тадвин шавад.

 Муовини обу хоки Вазорати ҷиҳоди кишоварзӣ бо баёни инки беш аз ҳазор ширкати тавлидкунанда ва мушовир дар ҳавзаи баҳраварии обёрӣ ва афзоиши боздеҳи обёрӣ дар Эрон фаъолият мекунанд, гуфт: Эрон метавонад нисбат ба судури хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ дар бахши кишоварзӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта бошад.

 Мушокир Назарзода Фозил-муовини Вазорати кишоварзии Тоҷикистон низ дар ин нишаст бо ишора ба сафари оятуллоҳ Раисӣ ба ин кишвар дар соли гузашта ва имзои тафоҳумномаи ҳамкориҳои муштарак, гуфт: Мо омодаи ҳамкорӣ бо Эрон дар ҳама заминаҳои кишоварзӣ ҳастем.

 Вай афзуд: Ниёзҳои мо барои ин ҳамкорӣ аз назари таҷҳизот ва фановарӣ дар ҳавзаҳое монанди обу хок, мурғдорӣ, парвариши моҳӣ ва саноеъи фароварии ғизоӣ аст.

 

Барчасп