Май 14, 2024 11:11 Asia/Dushanbe
  • Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе; қаҳрамони Суперҷоми Тоҷикистон

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе барои дувоздаҳумин бор қаҳрамони Суперҷоми Тоҷикистон шуд.

 Ба гузориши Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо пирӯзӣ бар дастаи футболи "Равшан"-и Кӯлоб тавонист қаҳрамони Суперҷоми Тоҷикистон 2024 шавад.

 Дидори Суперҷоми 2024 Тоҷикистон дар варзишгоҳи шаҳри Турсунзода бо натиҷа 2 бар 1 ба суди дастаи Истиқлол баргузор шуд.

 Пеш аз ин «Истиқлол» дар солҳои 2010 то 2022 , 11 бор қаҳрамони ҷоми ҳазфӣ шуда буд.

 

Барчасп