Ҳушдори навбатии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз хатари омадани сел
(last modified Wed, 15 May 2024 05:16:50 GMT )
Май 15, 2024 10:16 Asia/Dushanbe
  • Маҳдудият дар сайру саёҳат ба хотири хатари сел
    Маҳдудият дар сайру саёҳат ба хотири хатари сел

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар дархост кард, ки дар ин рӯзҳо дар назди обанборҳову кӯҳҳо эҳтиёткор бошанд.

Ба гузориши “Азия плюс”, дар тӯли шабонарӯзи наздик дар бархе аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва навоҳии ғарбии Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон хатари омадани сел боқӣ мемонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода афзуд: Аз волидон хоҳиш карда мешавад фарзандони нобилиғашонро беназорат нагузоранд, онҳоро ба моҳидориву чорвочаронӣ ва фамъоварии гиёҳҳои шифобахш нафиристанд.

Ҳамчунин кумита ба гардишгарон тавсия додаааст, ки дар чунин рӯзҳо аз сайру саёҳатҳо ба мавзеъҳои кӯҳистонӣ худдорӣ кунанд.

Дар ин муоҷиат гуфта мешавад, афроди гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд ва бемориҳои роҳи нафас дар ин рӯзҳо бояд тамоми чораҳои эҳтиётии тиббииро андешида, захираи доруҳои лозимро ҳамеша бо худ дошта бошанд.