Нашри феҳристи блогерони ғайриқонунӣ аз сӯйи Кумитаи андоз
Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи теъдоде аз блогеронеро, ки фаъолияти худро ба таври қонунӣ сабт накардаанд, нашр кард.
“Боҷу хироҷ” - нашрияи расмии Кумити андоз навишааст, дар мақомот феҳристи махсуси блогерон таъсис ёфтааст, ки дар он то 1-уми майи соли равон 98 нафар худро ҳамчун “андозсупорандае, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ ба фаъолияти блогерӣ машғуланд”, сабт шудаанд.
Даромади умумии блогерон дар семоҳаи аввали соли 2024, дар маҷмуъ, 5,2 миллион сомонӣ ва маблағи молиёти ҳисобшудаи онҳо дар ин давра 489,8 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Вале Кумитаи андоз нигаронӣ мекунад, ки бо вуҷуди ирсоли огоҳиномаҳо, даъвати блогерон ба мақомоти андоз ва чораҳои дигари андешидашуда, бархе ҳанӯз ба соҳибкории ғайриқонунӣ идома дода, аз даромадҳои ба дастовардаашон ба мақомоти андози маҳаллӣ ҳисоботи молиётӣ пешниҳод намекунанд.