Қарзи 18 триллион фунт ғаромати бардадорӣ дар камини Англия
(last modified Sat, 26 Oct 2024 08:01:50 GMT )
Октябр 26, 2024 13:01 Asia/Dushanbe
  • Қарзи 18 триллион фунт ғаромати бардадорӣ дар камини Англия

Кишварҳои африқоӣ ва ҳавзаи Кариб пайгири иҷрои тарҳе ҳастанд, ки метавонад Англияро ба далели нақши таърихии ин кишвар дар заминаи тиҷорати барда, бо суратҳисоби сангине ба арзиши 18 триллион фунт мувоҷеҳ кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, баъд аз поёни Ҷанги ҷаҳонии дувум, бисёре аз кишварҳои мустаъмираи Англия дар Осиё, Африқо ва ҳавзаи Кариб мустақил шуда ва ба суроғи иҷрои тарҳҳое рафтанд, ки аз таърихи султаи Лондон, шикоят кунанд.

Ин рӯйкард бавижа дар солҳои ахир пас аз марги Элизабети дуввум (малакаи собиқи Англия) ва шаклгирии ҷунбишҳои зидди империалистӣ монанди “ҷони сиёҳон муҳим аст”, рӯҳи тозае ба худ гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол сарони 56 кишвари муштаракуманофеъ, ки ин ҳафта дар Самоа гирди ҳам омадаанд, таъкид доранд, ки замони оғози гуфтугуҳое «маънодор, содиқона ва муҳтарамона» дар бораи тарҳҳои ҷубронӣ ва пардохти ғаромат аз суи Англия расидааст.

Онҳо дар назар доштанд, ки баёнияи ҷудогонае дар ин замина мунташир кунанд, аммо пас аз ройзаниҳои фишурдаи мақомҳои Лондон, феълан ба афзудани ин банд дар баёнияи поёнии иҷлос, иктифо шудааст.

Кир Стармер(Keir Starmer), нахуствазир Англия низ ки ба Самоа сафар кардааст, гуфт, ки ҳиси қавии ширкаткунандагон дар бораи таърихи бардадориро дарк мекунад, аммо бояд воқеиятҳоро пазируфт ва аз гузаштаи муштарак убӯр кард.

Англия токунӯн дар баробари дархостҳо барои пардохти ғаромат, муқовимат карда ва дафтари нахуствазири Англия ҳам пеш аз иҷлоси имсол дар Самоа, эълом кард, ки мавзӯи ғаромат дар дастури кор нест.

 

Барчасп