Ҳимояти молии Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа аз фаъолиятҳои тиҷории занони тоҷик
Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа буҷаи наверо барои ҳимоят аз қарзҳои фарогир ба муштариён дар дурафтодатарин манотиқи Тоҷикистон пардохт мекунад.
Ба гузориши Азия-Плюс , Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа бастаи молӣ ба маблағи 4 миллион доллар (3.7 миллион евро)ро дар ихтиёри яке аз муассисоти қарздеҳии муҳимми Тоҷикистон қарор хоҳад дод.
Ин вом(қарз) то сатҳи як миллион доллар таҳти барномаи “Занон дар тиҷорати Осиёи марказӣ” ироа хоҳад шуд ва аз тавсеаи соҳибкорӣ ва фаъолиятҳои тиҷории занон ҳимоят хоҳад кард.
Марҳилаи севуми ин баста воми то 1 миллион доллар, тавсеаи касбу корҳои хурд ва миёнаро дар Тоҷикистон тақвият хоҳад кард.
Ин вомҳо бахше аз бастаи 5 миллиондолларӣ аст, ки ахиран ба тасвиби саҳомдорони бонк расидааст.
Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа то ба имрӯз 987миллион евро дар 170 проект дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.