Май 21, 2024 18:43 Asia/Dushanbe
  • Паёми ҳамдардии парлумон ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон
    Паёми ҳамдардии парлумон ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон

Ҳайатҳои парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, ба роҳбарият ва мардуми шарифи ин кишвари дӯсту бародар дар робита ба даргузашти фоҷеабори Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш дар ҳодисаи суқути чархбол изҳори тасаллияту ҳамдардӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки хабари фоҷеавии даргузашти Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидиброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш бар асари суқути чархбол боиси андуҳи амиқи роҳбарият ва тамоми мардуми Тоҷикистон гардидааст.

Саҳм ва кӯшишҳои Саидиброҳим Раисӣ дар густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Эрон ва ҳамкорӣ дар масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ бузург арзёбӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои ғамангез, ғамшарики ин кишвари дӯсту бародар ва мардуми он буда, ба наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардии амиқ изҳор медоранд.

Барчасп