Шеъри шоири тоҷик дар сӯги раиси Ҷумҳурии Эрон
(last modified Tue, 21 May 2024 17:28:32 GMT )
Май 21, 2024 22:28 Asia/Dushanbe
  • Шеъри шоири тоҷик дар сӯги раиси Ҷумҳурии Эрон

Шоири тоҷик дар сӯги Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон чаҳор мисраъ шеър гуфт.

Исмоили Зарифӣ, шоири тоҷик дар сӯги Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, ки дар пайи сониҳаи ҳавоӣ дар Озарбойҷони шарқӣ (Эрон) ба шаҳодат расид, шеъре навишта дар сафҳаи Фейсбуки худ ба иштирок гузоштааст, ки дар зер мехонед:

Набудам арчӣ меҳмони Раисӣ,

Набиншастам сари хони Раисӣ.

Вале гирям чу абри навбаҳорон,

Чу Эрон дар ғами ҷони Раисӣ.