Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон
(last modified Fri, 24 May 2024 14:38:04 GMT )
Май 24, 2024 19:38 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара
    Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара

Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафар кард.

24 май Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури ошноӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, ифтитоҳи теъдоде аз сохтмонҳои саноативу кишоварзӣ, муассисоти омӯзишии ҷадид, оғози сохти соири таъсисоти ҷадиду дидор бо аҳолии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон (зодгоҳи раисҷумҳур) ба ин ноҳия сафари корӣ анҷом дод.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони ҷадиди Муассисаи омӯзиши миёнаи умумии шумораи 85-ро ба номи Исмат Шариф ифтитоҳ кард. Ин сохтмони ҷадид дар ду табақа ва барои 500 донишомӯз дар ду баст дар назар гирифта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба устодон дастур ва таколиф дод то донишомӯзонро беш аз пеш дар амри таълиму тарбият дар масири худшиносиву меҳанпарастӣ роҳнамоӣ намоянд.