Сармоягузории як ширкати чинӣ дар сохти неругоҳҳои хуршедӣ дар Тоҷикистон
Як ширкати чинӣ 400 миллион доллар дар сохти неругоҳҳои хуршедӣ (офтобӣ) дар Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳад кард
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин ширкат 60 миллион доллари дигарро барои афзоиши истихроҷи захоири ангиштсанги Шӯроб бо зарфияти солона 1 миллион тон ва коркардии баълии он ихтисос хоҳад дод.
Завқи Завқизода, вазири тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон дар дидор бо Пинг Мей Шенма-мудири ширкати давлатии “Чин холдинг груп” фурсатҳои сармоягузории ҷумҳурӣ, ҳавзаҳои авлавиятдори ҷазби сармоягузории хориҷӣ аз ҷумла дар манотиқи озоди иқтисодии кишварро баррасӣ кард ва аз таъмини шароити муносиби молӣ ва идорӣ барои эҷоди корхонаҳои саноъатӣ хабар дод.
Пинг Мей Шенма ҳам гуфт,ширкати таҳти роҳбариаш дар ҳоли ҳозир рӯйи сохти неругоҳҳои хуршедӣ дар минтақаи Панҷ ва Данғара бо зарфияти 1000 мегаватт кор мекунад, ки сармоягузорӣ дар он беш аз 400 миллион доллар аст.