Нишасти хабарии сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 26 May 2024 16:49:18 GMT )
Май 26, 2024 21:49 Asia/Dushanbe
  • Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе бо намояндагони расонаҳои гуруҳӣ нишасти хабарӣ баргузор кард.

Оқои Ҳақиқиён бо таслияти шаҳодати раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳайати ҳамроҳ дар ҳодисаи суқути чархбол ва ташаккур аз мақомоти Тоҷикистон бобати ҳузур дар Эрон, дар идомаи ин нишасти хабарӣ бар иртиботи самимонаи Сайид Иброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон бо мардуми Тоҷикистон таъкид кард.

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон гуфт, тайи се соли гузашта беш аз сад ҳайати сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистону Эрон мубодила шудааст ва беш аз 50 санади ҳамкорӣ дар заминаи иқтисодии бахшҳои тиҷорӣ, гардишгарӣ, фарҳангӣ ва илмӣ имзо шудааст. Ба таври куллӣ ҳаҷми мубодилоти иқтисодӣ байни Тоҷикистону Эрон аз 60 миллион доллар ба 320 миллион доллар афзоиш ёфт.

Дар ҳоли ҳозир ҳафтае 4 парвози мустақим байни ду кишвар анҷом мешавад.

Дар ин нишасти хабарӣ ба нақшу саҳми густардаи Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон низ ишора шуд. Таъкид шуд, ки Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон нақши муассире дар тавсеаи равобити ду кишвари дӯст, бародар, ҳамфарҳанг ва ҳамзабон дошт.