Май 31, 2024 20:44 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи Сироҷиддин Муҳриддин бо Алваро Ларио
    Гуфтугӯи Сироҷиддин Муҳриддин бо Алваро Ларио

Барномаву стратегияи Тоҷикистон дар заминаҳои кишоварзиву амнияти ғизоӣ дар Рум мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Алваро Ларио, раиси Сандуқи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Рум дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор раванди иҷрои барномаву стратегияи давлатии Тоҷикистон дар заминаҳои кишоварзӣ ва амнияти ғизоӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Тарафайн ҳамчунин дар мавриди масоили марбут ба обу иқлим ва омодагӣ барои сеюмин конфронси оби Душанбе гуфтугӯ карданд.

 

Барчасп