Густариши ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон; Ифтитоҳи корхонаи муштараки тавлидии ширкати донишбунён
(last modified Sat, 01 Jun 2024 05:44:17 GMT )
Июн 01, 2024 10:44 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон; Ифтитоҳи корхонаи муштараки тавлидии ширкати донишбунён

Алиризо Ҳақиқиён-сафири Эрон дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 31 май ба ҳамроҳи Ҷамолуддин Абдуллоҳзода-вазири тандурустии ин кишвар зимни ширкат дар маросими ифтитоҳи корхонаи муштараки донишбунёни”Тоҷикистон табиб дорусоз” аз хатти тавлид ва таҷҳизоти он боздид кард.

 Дар ин маросим вазири тандурустии Тоҷикистон тайи суханоне зимни ибрози хурсандӣ аз фаъолияти корхонаҳои эронӣ дар кишвараш, ҳамкории байни Эрон ва Тоҷикистонро дар сатҳи бисёр хуб тавсиф намуд.

  Абдуллоҳзода хостори тавсеаи беш аз пеши ҳамкории илмии ду кишвар дар бахшҳои дармонӣ, доруӣ, таҷҳизоти пизишкӣ ва сармоягузорӣ шуд.

 Алиризо Ҳақиқиён тайи суханоне зимни истиқбол аз оғоз ба кори ширкати донишбунёни ”Тоҷикистон табиб дорусоз” ва ибрози хурсандӣ аз ҳузур дар ҷамъе аз ҳамтаборон, хешовандон ва бародарону хоҳарон тоҷик, бо ишора ба тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои мухталиф ва дурнамои мусбати он, изҳори умедворӣ кард:Дар оянда ҳамкориҳо байни ду кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Эрон ва Тоҷикистон дар ҳама арсаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмӣ ва фановарӣ беш аз пеш тавсеа ёбад.

Ширкати ”Тоҷикистон табиб дорусоз”бо сармоягузории муштараки бахши хусусии Эрон ва Тоҷикистон ҷиҳати коркарди гиёҳони доруӣ таъсис шудааст.