Дар моҳи аввали фасли тобистон тоҷикистониёнро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Дар моҳи аввали фасли тобистон-июн ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон аз 1 то 2 дараҷа аз меъёри иқлимӣ пасттар пешгӯӣ карда мешавад.
Моҳи июн дар шаҳри Душанбе ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаво аз 17 то 32 дараҷа гарм мешавад. Дар даҳрӯзаи аввали моҳ дар водиҳои вилояти Хатлон ҳаво аз 15 то 32 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳои ҷанубӣ то 35 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво дар водиҳо то 39 дараҷа гарм, дар рӯзҳои алоҳида то 42 дараҷа гармӣ дар назар аст. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад. Инчунин дар рӯзҳои алоҳида шиддати вазиши шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония аз эҳтимол дур набуда, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.
Моҳи июн дар вилояти Суғд ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа пасттар пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 14 то 27 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво то 17 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар даҳрӯзаи аввали моҳ ҳаво то 23 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво то 29 ва дар баъзе ноҳияҳо то 35 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа пасттар пешгӯӣ шуда, то 4 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, рӯзона аз 13 то 20 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад.