Дидору гуфтугӯи сафири Эрон дар Тоҷикистон бо додситони кулли ин кишвар
Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, имрӯз чаҳоршанбе 5 июн бо Юсуф Раҳмон-додситони кулли Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Юсуф Раҳмон дар ин дидор пас аз ибрози тасалият ва ҳамдардии амиқи худ дар робита бо шаҳодати оятуллоҳ Раисӣ-раисҷумҳури фақиди Эрони исломӣ ва ҳайати ҳамроҳи ишон, ба тавсеаи ҳамкориҳои байни додситониҳои кулли ду кишвар тай солҳои ахир ишора намуд ва бар лузуми тақвияти беш аз пеши ин ҳамкориҳо таъкид кард.
Вай бо ишора ба ҳаводиси террористии ахир дар Кирмон ва Москва, густариши ҳамкорӣ байни дастгоҳҳои зирабти ду кишвар дар муқобила бо терроризм ва ифротгароиро дорои аҳамият донист ва аз омодагии Додситонии кулли кишвараш дар ин робита хабар дод.
Сафири Ҷумурии исломии Эрон дар Тоҷикистон низ ибрози тасалияти самимона ва ҳамдардии амиқ ва густурдаи мақомоти олирутба ва мардуми Тоҷикистон дар робита бо шаҳодати шуҳадои хидматро бисёр муҳимм ва чашмгир тавсиф кард ва аз ин бобат аз давлат ва миллати Тоҷикистон қадрдонӣ кард ва афзуд : Ин вазъият бори дигар нишон дод, ки мардуми ҳамтбор, ҳамзбон ва ҳамфарҳанги Эрон ва Тоҷикистон ҳамвора дар ғаму шодии якдигар шарик буда ва ҳастанд.
Ҳақиқиён дар идома бо ишора ба сафари ахири додситони кулли Эрон ба Тоҷикистон, раванди ҳамкориҳо дар ин бахшро рӯ ба тавсеа арзёбӣ кард ва бар лузуми афзоиши ин ҳамкориҳо бавежа дар заминаи муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ таъкид кард.
Сафири Эрон ва дар Тоҷикистон бо ишора ба иқдомоти террористии ахир дар Кирмон ва Москва тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон авомил ин иқдомоти террористиро тоҷик намедонад, онҳо террористҳои муздур ва бозичаи дасти созмонҳои амниятии хориҷӣ бавежа Амрико ва режими саҳюнистӣ ва душмани Эрон ва Тоҷикистон ҳастанд ва ба ҳеҷ усули динӣ ва инсонӣ эътиқод надоранд.