Афзоиши ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Беларус
(last modified Thu, 06 Jun 2024 06:03:23 GMT )
Июн 06, 2024 11:03 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистону Белорус
    Ҳамкории Тоҷикистону Белорус

Ҳафдаҳумин нишасти Комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодии Тоҷикистону Беларус баргузор шуд.

Ба гузориши “Ховар”, дар ин нишаст Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сергей Бартош, вазири кишоварзӣ ва ғизои ҷумҳурии Беларус ширкат ва дар мавриди вазъияти феълӣ, чашмандози ҳамкориҳо, сармоягузориҳои тиҷориву иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар заминаҳои кишоварзӣ, саноеъ, ғизо, илму омӯзиш, муроқибатҳои беҳдоштӣ, доруӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамкориҳои байниминтақаӣ ва соири мавзӯот баҳсу табодули назар карданд.

Ҳамчунин дар ин нишаст тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ дар хусуси вазъият ва чашмандози ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар бахши маводи ғизоӣ, омӯзиши персонали муҷтамаи саноеъ ва улуми кишоварзӣ, ҳамкориҳои санъатӣ, ҳамлу нақл, омӯзиш, беҳдошт ва ҳамкориҳои байниминтақаӣ имзо шуд.