Июн 06, 2024 13:28 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистон ва СММ
    Ҳамкории Тоҷикистон ва СММ

Ҳамоҳангкунандаи доими Созмони Милали Муттаҳид омодагии худро барои кумак ба тавсеаи иқтисоди пойдори Тоҷикистон эълом кард.

Ба гузориши “Ховар”, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бо Ромосоми, ҳамоҳангкунандаи доими Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дидору гуфтугӯ ва дар мавриди мавзӯи ҷазби кумакҳои билоивази марбут ба пружаҳои авлавиятдори ҷадид бар асоси аҳдофи тавсеаи кишвар изҳори назар карданд.

Дар ин дидор ҳамчунин мавзӯоти густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону СММ, чашмандози чорчӯби ҳамкориҳои миёнамуддат ва омодагиҳо барои нишасти баъдии Шӯрои тавсеаи миллӣ таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

 

Барчасп