Густариши равобити ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Лубнон
(last modified Thu, 06 Jun 2024 09:13:49 GMT )
Июн 06, 2024 14:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистону Лубнон баррасӣ шуд
    Ҳамкории Тоҷикистону Лубнон баррасӣ шуд

Тоҷикистону Лубнон дар мавриди масоили густариши равобити судманд гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши “Ховар”, Наҷиб Азмӣ Миқотӣ, нахуствазири Лубнон бо Зубайдуллоҳ Зубайдзода, сафири фавқулода ва томулихтиёри Тоҷикистон дар Лубнон дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор мавзӯоти густариши равобити судманд байни Тоҷикистон ва Лубнон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Тарафайн омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гардишгарӣ ва сармоягузорӣ ва соири заминаҳои мавриди алоқа эълом карданд.