Таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i11500-Таслияти_Эмомалӣ_Раҳмон_ба_муносибати_даргузашти_Оятуллоҳ_Ҳошимии_Рафсанҷонӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар номае унвони ҳамтои эрониаш Ҳасани Руҳонӣ, даргузашти Ҳошимии Рафсанҷониро таслият гуфтааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 09, 2017 11:21 Asia/Dushanbe
  • Таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар номае унвони ҳамтои эрониаш Ҳасани Руҳонӣ, даргузашти Ҳошимии Рафсанҷониро таслият гуфтааст.

Ба иттилои сайти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ин барқия омадааст, “Ҷаноби Олӣ, хабари бар асари сактаи қалбӣ даргузаштани Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсатмадорони Ҷумҳурии Исломии Эрон боиси андуҳи мо гардид”.

Дар идомаи нома таъкид мешавад, “дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба мардуми дӯсти Эрон иброз дошта, барои пайвандон ва наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонам. Худованд ҷояшонро ҷаннат ва маъвои охираташонро пурнур гардонад”.

Алиакбар Ҳошими Рафсанҷонӣ, раисҷумҳури собиқи Эрон бар асари оризаи қалбӣ, шоми якшанбе дар 82-солагӣ дар яке аз бемористонҳои Теҳрон даргузашт.