Шаҳрвандон мегӯянд: Идгардак барои кӯдаконро мамнуъ кардан душвор аст
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i115266-Шаҳрвандон_мегӯянд_Идгардак_барои_кӯдаконро_мамнуъ_кардан_душвор_аст
Моҳи майи соли ҷорӣ палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” тағйирот ворид кард.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июн 16, 2024 18:11 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрвандон мегӯянд: Идгардак барои кӯдаконро мамнуъ кардан душвор аст

Моҳи майи соли ҷорӣ палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” тағйирот ворид кард.

Ба гузориши “Азия плюс”,  дар асоси моддаи 9-и лоиҳаи қонуни мазкур дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон “исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шуд”.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим гуфт, ки ин тағйирот “бо ҳадафи тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо” пешниҳод гардидааст.

Ба суоли сомонаи “Азия плюс” теъдоде аз шаҳрвандон изҳори назар кардаанд. Ба гузориши ин сомона, тасмими манъи идгардак дар рӯзи идҳои мазҳабӣ дар ҷомеа вокунишҳои гуногунро ба миён овард. Теъдоде онро ҷонибдорӣ карда, гуфтанд, идгардак барои кӯдакон бехатар нест ва бо ин шевае, ки баргузор мешавад, барои ҷомеаи тоҷик бегона аст. Гурӯҳи дигар гуфтанд, ин як манбаи хурсандиву хушҳолии кӯдакон аст ва бо қабули қонун наметавон пеши роҳи кӯдаконро гирифт ва онҳоро аз хурсандӣ боздошт.