Даргирии маргбори пойтахт интиқомҷӯӣ байни наврасони ду маҳалла будааст
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i11530-Даргирии_маргбори_пойтахт_интиқомҷӯӣ_байни_наврасони_ду_маҳалла_будааст
Мудири раёсати омузишу парвариши шаҳри Душанбе даргирии маргбори ҷавонони пойтахт дар авоили соли ҷориро натиҷаи интиқомҷӯӣ байни наврасони ду маҳала унвон кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 09, 2017 14:29 Asia/Dushanbe
  • Даргирии маргбори пойтахт интиқомҷӯӣ байни наврасони ду маҳалла будааст

Мудири раёсати омузишу парвариши шаҳри Душанбе даргирии маргбори ҷавонони пойтахт дар авоили соли ҷориро натиҷаи интиқомҷӯӣ байни наврасони ду маҳала унвон кард.

Ҳамидуллоҳ Фақеров, сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе рӯзи 9 январ дар як нишасти матбуотӣ бо такя ба иттилооти додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки  муноқишаи маргбори 2-юми январ қассосгирӣ миёни ҷавонҳои ду маҳалла будааст.

Ба гуфтаи профессор Фақеров феълан бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят 15 нафар боздошт шудаанд, ки аз ин миён танҳо як нафар хонандаи мактаб аст.

Ҳамзамон Ҳамидулло Фақеров таъкид намуд, ки бар асоси маълумоти оморӣ дар соли 2016  қонуншиканӣ миёни наврасон дар шаҳри Душанбе дар қиёс ба дигар манотиқи Тоҷикистон  коҳиш ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон шаби рӯзи 2-юми январи соли 2017, ҷавонони  маҳаллаи 103 ва 102-юми шаҳри Душанбе дар маҳаллаи 104 байни ҳам даргир шуданд, ки дар натиҷа  Хоҷаев Иброҳими 19 сола  ва Шарифов Сомони 18 сола  бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи охирин иттилоот  шумори афроди боздоштшуда бо гумони занозанӣ ва куштори ду наврас дар маҳаллаи 104-ум ба 15 нафар расидааст.  

Бозрасии қазияи мазкур аз сӯи додситонии кулли Тоҷикистон бо ду банди қонунии ҷиноӣ, яъне куштор ва авбошӣ идома дорад.

Бояд гуфт, барои бори аввал нест, ки дар муассисаҳои таълимии пойтахт миёни мактабхонҳо занозанӣ сурат мегирад. Аз ҷумла дар моҳи октябри соли гузашта бар асари занозанӣ миёни донишомузони яке аз мадрасаҳои таҳсилоти умумии пойтахт, як нафар ҷароҳат бардошта ва ба бемористон интиқол дода шуда буд.