Дидори ҳайати тиҷории устони Хуросони разавӣ бо сафири Эрон дар Душанбе
Ҳайати тиҷории устони Хуросони разавӣ рӯзи ҷумъа (21 июн) бо сафар ба Тоҷикистон, бо сафири Эрон дидору гуфтугӯ кард.
Ҳайати тиҷории устони Хуросони разавӣ, ки ҷиҳати ширкат дар Намоишгоҳи байналмилалии вилояти Суғд 2024 ба Тоҷикистон омада буд, зимни дидор бо Алиризо Ҳақиқиён дар бораи дастовардҳои ҳузур дар ин намоишгоҳ ва мавзӯъоти муртабит бо фурсатҳо ва чолишҳои тоҷирон ва содиркунандагони эронӣ гуфтугӯ намуданд.
Ҳақиқиён бо ироаи омори тавсеаи равобити тиҷории ду кишвар ва эъломи 5 баробар шудани он дар се соли ахир, бар зарурати ҳамоҳангии ҳама ниҳодҳо ва марокизи муртабит бо тавсеаи тиҷорӣ ва ширкатҳои тавонаманди тавлидӣ ва содиротӣ ва логистикии Эрон ҷиҳати ҳифз ва таҳкими раванди рӯ ба тавсеа таъкид кард.
Алиризо Ҳақиқиён эъзоми намояндаи сафорат ба Намоишгоҳи Суғд 2024-ро дар ростои тавсеаи ҳамкориҳо бо устонҳои мухталифи Тоҷикистон ва заминасозии муносиб барои фаъолони иқтисодии эронӣ дар бозори рӯ ба рушди Тоҷикистон арзёбӣ намуд.
Шоёни зикр аст дар Намоишгоҳи Суғд 2024 , чаҳор тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни тоҷирони эронӣ ва тоҷик ба имзо расид.