Ҳузури ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи Муколамаи ҳамкории Осиё
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи Гуфтугӯи ҳамкории Осиё ширкат кард.
23-24 июн дар шаҳри Теҳрон нишасти 19-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) баргузор шуд, ки дар он ҳайати Тоҷикистон иштирок намуд.
Ба гузориши сомонаи “Ховар”, ба нақл аз вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суханроии Фаррух Шарифзода, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Баёнияи Теҳрон, ки аз натиҷаи нишаст қабул гардид, аҳамияти ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба об, хоссатан Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм дарҷ гардида, зарурати тақвияти талошҳо барои татбиқи ҳадафҳои ин ташаббусҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъкид шуд.
Дар поён ин нишаст намояндаи Давлати Кувайт Дабири кулл ва намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон муовини Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё барои се соли оянда интихоб гардиданд.