Август 02, 2016 10:30 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди ҷомеи Осиёи Марказӣ ба зудӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди ҷомеи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе, ки сохти он бо сармоягузории муштараки Тоҷикистон ва Қатар аз соли 2011 оғоз шудааст, ба зудӣ дар яке аз зеботарин маконҳои пойтахти Тоҷикистон дар соҳили рӯди Варзоб ба баҳрабардорӣ мерасад.

Сохти бузургтарин масҷиди ҷомеи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон бо зарфияти гунҷоиши 115 ҳазор намозгузор дар шаҳри Душанбе ба мароҳили ниҳоӣ расидааст.

Ба гузориши сайти "Азия плюс", сохти ин масҷид дар соли 2011 оғоз шудааст ва ба гуфтаи мақомоти Кумитаи давлатии меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар ояндаи наздик кушоиш хоҳад ёфт.

Ин масҷиди ҷомеъ дар замине ба масоҳати 7,5 гектар, дорои саҳни аслӣ барои иқомаи намози ҷумъа, китобхона, музей ва толори ҷаласот аст.

Баландии манораҳои ин масҷид ба 77 метр мерасад.

Бузургтарин масҷиди ҷомеи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон дар яке аз зеботарин маконҳои шаҳри Душанбе, дар соҳили рӯди Варзоб бо беш аз 100 миллион доллар сармоягузории муштараки Қатар ва Тоҷикистон ҳамакнун мароҳили насби таъсисотро мегузаронад.

Ҳафтод дарсад аз сармояи сохти ин масҷидро Қатар ва 30 дарсади боқимондаро Тоҷикистон таъмин кардааст.

Пешбинӣ мешавад, ин масҷид нуҳуми сентябри имсол, ҳамзамон бо солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон ба баҳрабардорӣ бирасад.

Барчасп