Тоҷикистон ҳалли ихтилофи парвозӣ бо Русияро хостор шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i11581-Тоҷикистон_ҳалли_ихтилофи_парвозӣ_бо_Русияро_хостор_шуд
Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ирсоли номае ба ҳамтои русаш, аз саргирии музокироти дуҷониба барои поён додан ба ихтилофи Душанбе ва Маскавро бар сари парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ хостор шуд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Январ 11, 2017 10:05 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ҳалли ихтилофи парвозӣ бо Русияро хостор шуд

Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ирсоли номае ба ҳамтои русаш, аз саргирии музокироти дуҷониба барои поён додан ба ихтилофи Душанбе ва Маскавро бар сари парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ хостор шуд.

Ба иттилои Спутник, Шералӣ Ганҷалзода аз омодагии кишвараш барои идомаи музокирот бо Русия дар шаҳри Душанбе, ба манзури поён додан ба ихтилофи беш аз 23 рӯза бар сари парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ хабар дод .

Вай таъкид кард, то ба ҳол посухи ҷониби Русияро дар мавриди ин пешниҳод дарёфт накардааст .

Вазири нақлиёти Тоҷикистон муътақид аст, ки дар сурати оғози гуфтугӯҳои дуҷониба бо Русия барои дифоъ аз манофеи ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон талош хоҳад кард .

Қаблан Русия бо ин иддао, ки идораи ҳавопаймоии кишвари Тоҷикистон ба ширкати ҳавоии “Ямал”-и Русия муҷаввизи парвоз ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро надодааст, муҷаввизи парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-ро лағв кард, ки ин мавзуъ муҷиби саргардонии теъдоди зиёде аз мусофирони тоҷик дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург шуд .

Пеш аз ин низ дар авоили моҳи ноябри соли гузаштаи 2016 дар заминаи интиқоли парвозҳои дуҷониба аз фурӯдгоҳи ҷадиди Жуковский дар ҳумаи Маскав миёни мақомоти нақлиёти ҳавоии Русия ва Тоҷикистон ихтилофоте буруз кард, ки бо таҳдиди Маскав ба қатъи иртиботи ҳавоӣ ҳал шуд .

Ба назари коршиносон, иллати умдаи ихтилофи Русияву Тоҷикистон бар сари ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ ин аст, ки бештари парвозҳо дар масири ин ду кишвар дар ихтиёри Маскав қарор дорад ва қиммати билети ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ба маротиб арзонтар аз нархи билети ширкатҳои тоҷикистонӣ мебошад .