Июл 11, 2024 12:35 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ

Намояндагони бахши давлатӣ ва хусӯсии Арабистони Саудӣ ба манзури густариши ҳамкориҳо байни дукишвар ба Тоҷикистон сафар мекунанд.

Акрам Каримӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар таърихи 10 июл дар шаҳри Риёз бо мақомоти олирутбаи вазорати сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ дидор кард.

Дар ин дидор мавзуоти мавриди алоқаи тарафайн, аз ҷумла раванди омодасозӣ барои сафари ояндаи намояндагони бахши давлатӣ ва хусӯсии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон ба манзури ошноӣ бо фурсатҳои сармоягузорӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

 

Барчасп