Афзоиши нархи зангҳои баромад аз Тоҷикистон ба Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i11605-Афзоиши_нархи_зангҳои_баромад_аз_Тоҷикистон_ба_Русия
Шурӯъ аз 20-январи соли равон нархи ҳар дақиқаи гуфтугӯ бо Русия 1 сомонӣ ва 20 дирам арзиш хоҳад дошт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 11, 2017 09:14 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши нархи зангҳои баромад аз Тоҷикистон ба Русия

Шурӯъ аз 20-январи соли равон нархи ҳар дақиқаи гуфтугӯ бо Русия 1 сомонӣ ва 20 дирам арзиш хоҳад дошт.

Ба иттилои Спутник, сомонаи Ширкати "Мегафон Тоҷикистон" хабар дод, дар Тоҷикистон аз 20-январи соли 2017 нархи занги телефонӣ бо Русия боло бурда мешавад.

"Ҳамин тавр аз 20 январ бо фармоиши мақомоти зиддиинҳисории ҳукумати Тоҷикистон нархи ҳар дақиқаи гуфтугӯ бо Русия то 1 сомониву 20 дирам боло бурда мешавад",-омадааст дар иттилоия.

Ёдовар мешавем, ки ширкатҳои мобилии Тоҷикистон шурӯъ аз 1 октябри соли 2016 нархи зангҳои телефонӣ ба Русияро боло бурданд. Он замон 1-дақиқаи тамос дар ҳамаи ширкатҳои мобилӣ аз ҳудуди 70 дирам то 1 сомонӣ боло бурда шуд.