Январ 11, 2017 15:06 Asia/Dushanbe
  • Сафирони кишварҳои мухталиф дар Тоҷикистон риҳлати Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷониро таслият гуфтанд

Сафирони кишварҳои мухталиф ва намояндагони аҳзоб дар Тоҷикистон, риҳлати Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷониро ба давлату миллати Эрон таслият гуфтанд.

Ба гузориши хабарнигори радиои тоҷикии Садои Хуросон дар Душанбе, сафирони Ҳинд, Узбакистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Фаронса, ҳамчунин намояндаи Созмони милал дар Тоҷикистон бо ҳузур дар сафорати Эрон дар Душанбе даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷониро ба давлату миллати Эрон таслият гуфтанд ва пас аз навиштани паёме дафтари ёдбуди эшонро имзо карданд .

Азизҷон Раҳмонов, намояндаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи ин кишвар ва намояндаи Маҷлиси олӣ низ маротиби ҳамдардӣ ва таслияти худро эълом карданд .

Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон бо навиштани шарҳе дафтари ёдбуди Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷониро имзо кард .