Сафири Тоҷикистон Устуворномаи худро ба Императори Ҷопон таслим кард
(last modified Sat, 20 Jul 2024 15:12:48 GMT )
Июл 20, 2024 20:12 Asia/Dushanbe
  • Сафири Тоҷикистон Устуворномаи худро ба Императори Ҷопон таслим кард

Фарҳод Салим, сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Устуворномаи худро ба Наруҳито, Императори Ҷопон таслим кард.

Ба гузориши Ховар, Императори Ҷопон паёми самимонаи худро ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳкри Тоҷикистон баён кард ва ба масоили тағйироти иқлм ва паёмадҳои он ва ибтикороти байналмилалии Тоҷикистон дар ин масир ишора кард.

Сафири Тоҷикистон дар Ҷопон бар ибтикороти ҷаҳонии раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷумла аҳаммият ва зарурати ҳамкорӣ дар чорчӯби ибтикори баъдӣ  «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» таъкид кард.