Январ 12, 2017 11:57 Asia/Dushanbe
  • Рӯзноманигори маъруфи тоҷик даргузашт

Кароматуллоҳ Аҳмад, рӯзноманигори маъруфи тоҷик дар син 68 солагӣ дар маҳалли кори худ, дар бинои Маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод” даргузашт.

Корманди ёрии таъҷилии тиббӣ, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд, гуфт, бар асоси нишонаҳои аввалия Кароматуллоҳи Аҳмад дар пайи сактаи қалбӣ даргузаштааст.

Марҳум бо вуҷуди солхӯрдагияш аз ҷумлаи фаъолтарин рӯзноманигорони тоҷик буд, ки дар чанд нашрия кор мекард ва чанд соат қабл аз маргаш дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустии ҳифзи иҷтимоӣ фаъолона иштирок дошт.

Вай аз рӯзноманигорони бо собиқаи Тоҷикистон буд, ки ибтидо дар телевизиони тоҷик ва баъдтар солҳои тӯлонӣ дар нашриёти мухталифи кишвар фаъолият мекард.