Тасмими Тоҷикистон барои пазируфтани як миллион сайёҳ
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон бо ишора ба рушди зерсохторҳои сайёҳии ин кишвар гуфт, тибқи барнома, Душанбе дар соли 2020 як миллион сайёҳро хоҳад пазируфт.
Аҳтам Абдуллоҳзода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, дар Тоҷикистон ба зудӣ идораи сайёҳии ҷадид таъсис хоҳад шуд. Ба гуфтаи Абдуллоҳзода, Ҳукумати Тоҷикистон ин тасмимро барои рушди зерсохторҳои бахши сайёҳӣ дар ин кишвар гирифтааст. Ӯ афзуд, ин ниҳод дар назар дорад, ки то соли 2020 як миллион сайёҳро дар Тоҷикистон пазирад. Абдуллоҳзода гуфт, дар назар аст, дар ҳар 100 километр аз шоҳроҳҳои Тоҷикистон як маркази сайёҳӣ сохта шавад.
Тоҷикистон кишварест кӯҳистонӣ ва дорои ҷозибаҳои табиии сайёҳӣ, ки ин ҳама ҳарсола теъдоди зиёде аз гардишгарони хориҷиро, бахусус аз Русия ва Аврупо ба ин кишвар ҷалб мекунад.