Январ 12, 2017 19:38 Asia/Dushanbe
  • Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе таъйин шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 12 январ бо судури фармоне Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанберо аз мақомаш барканор карда, Рустами Эмомалӣ писари бузургашро раиси ҷадиди пойтахти ин кишвар таъйин кард.

Ба иттилои дафтари матбуотии раёсатҷумҳури Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ аз вазифаи раҳбари Оҷонсии зидди фасоди ин кишвар  барканор шуда, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе таъйин шудааст. Ҳамчунин дар пайи ин тағйирот кулли муовинони раиси шаҳри Душанбе  ва раисони ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ ва Синои пойтахти Тоҷикистон низ аз мақомҳояшон барканор шудаанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев  тайи 19 соли ахир шаҳрдори Душанбе буда, ҳамчунин аз соли 2000-ум бад-ин сӯ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон аст.  Дар низоми сиёсии Тоҷикистон раиси Маҷлиси миллӣ нафари дуввум дар ҳокимияти сиёсии ин кишвар дониста мешавад.

Маҳмадсаид Убайдуллоеви 65-сола хатмкардаи Донишкадаи политехникии шаҳри Харкови Украина ва Мактаби олии Ҳизби коммунист дар шаҳри Тошканд дар замони шуравӣ аст. Баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон дар  иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ин кишвар дар  соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки 40 сол дошт,  муовини нахуствазир  ва масъули вазоратҳои қудратӣ таъйин шуд. Сипас, дар соли  1996 дар пайи нахустин исёни нерӯҳои сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев бо талаби ошӯбгарон Убайдуллоев аз мақомаш барканор, вале баъдан, дар ҳамин сол шаҳрдори Душанбе таъйин шуд. Дар баробари ин Маҳмадсаид Убайдуллоев дар соли 2000,  баъди таъсиси парлумони дупалатаӣ дар Тоҷикистон раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуда, бори ахир соли 2015 бори дигар ба ин мақом интихоб гардид. 

Гуфтанист, Рустами Эмомалӣ 30 сол дошта, хатмкардаи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи хидмати давлатии назди президенти Русия аст. Рустами Эмомалӣ фаъолияти корияшро соли 2006 ба ҳайси сармутахассис дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо шурӯъ карда, солҳои 2009-2011 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, солҳои 2011-2013 дар Хадамоти гумруки Ҳукумати Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ аз соли 2013 то 2015 дар вазифаи сардори Хадамоти гумруки Ҳукумати Тоҷикистон фаъолият намуда, моҳи марти ҳамон сол раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон таъйин гардид. Ҳамакунун бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъйин шудааст. Дар баробари ин гуфта мешавад, ки Рустами Эмомалӣ муовини раиси Иттиҳоди  ҷавонони Тоҷикистон, узви  Кумитаи муносибатҳои байналмилалии Шӯрои олимпии Осиё ва Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон низ ҳаст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ, Рустами Эмомалӣ бо забонҳои англисӣ, олмонӣ  ва русӣ озодона ҳарф мезанад. Ҳамчунин ба иттилои ин манбаъ, ӯ оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст.

Рустами Эмомалӣ соли 2014 дар синни 27-солагӣ рутбаи генерал-майори Хадамоти гумрукро соҳиб шуда, бад-ин тартиб ҷавонтарин генерал ва мансабдори воломақоми давлати Тоҷикистон маҳсуб мешавад.