Январ 12, 2017 20:10 Asia/Dushanbe
  • ВУХ: Таъмири танкҳои Толибон дар Тоҷикистон дасиса аст

Ҳукумати Тоҷикистон ба изҳороти ахири бархе масъулони давлати Кобул алайҳи Душанбе вокуниш нишон дод.

 

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо судури баёнияе изҳороти ахири Умар Софӣ, волии собиқи вилояти Кундуз ва Абдуқаюми Кӯчӣ, сафири Афғонистон дар Маскавро муғризона ва дасисаи хатарнок арзёбӣ кардааст. Ёдовар мешавем, Умар Софӣ, волии собиқи Кундуз, ахиран, муддаӣ шуда буд, ки танк ва дигар ҷангафзорҳои гурӯҳи Толибон дар қаламрави Тоҷикистон тавассути мутахассисони рус таъмиру бозсозӣ мешаванд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 12-уми январ бо пахши изҳороти расмие эълом кард, ки собиқ мансабдори Афғонистон ин фикри беасосро ҳадафмандона изҳор доштааст. Дар ин баёния гуфта мешавад: “Метавон андешид, ки волии собиқ дар мавриди силоҳҳои вазнин, аз ҷумла танкҳо, ки овардани онҳо ба Тоҷикистон аз назар дур монад, тасаввуроте надорад. Вале худи Умар Сӯфӣ хуб огоҳ аст, ки чунин амал ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, гузориши бемантиқи ҷаноби Сӯфиро метавон ҳамчун дасисае барои тасвири манфии Тоҷикистон дар ҷомеаи Афғонистон унвон кард”.
Мақомоти тоҷик таъкид намуданд, ки вақтҳои охир масъулини Афғонистон ба ҷойи таҳлили амиқи мушкилоти кишварашон ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли он масири номуайянеро пеша кардаанд, ки хилофи ҳамкориҳои созанда, муқаррароти дӯстӣ ва ҳамҷавории нек мебошанд. Давлатшоҳ Гулмаҳмад, раиси вилояти Хатлон дар посух ба ин иддаои волии собиқи Кундуз дар суҳбат ба расонаҳои маҳаллӣ таъкид кардааст, ки “танк як қитъаи ядакии кӯчаке нест, ки мо дар ҷайби худ онро интиқол диҳем аз ин рӯ, иддаои волии собиқи Қундуз тавтиае беш нест”. Худойбердӣ Холиқназарзода, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон низ, ахиран, дар як нишасти хабарӣ таъкид кард, ки давлати Душанбе ҳеч гуна иртибот ва тамосе бо гурӯҳҳои мухолифи давлати Кобул надорад ва Тоҷикистон ҳамеша аз сиёсати Афғонистони воҳид ва якпорча ҳимоят кардааст.

Гуфтанист, дар пайи изҳороти ахири Абдулқаюми Кӯчӣ, сафири Афғонистон дар Маскав ва Умари Софӣ, волии собиқи Қундуз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо эҳзори сафири давлати Кобул дар Душанбе маротиби нигаронии худро баён кард. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар баёнияи худ хостори тавзеҳи давлати Кобул дар робита ба изҳороти бепояи бархе мақомоти ин кишвар алайҳи Тоҷикистон шудааст.