Вокуниши ВУХ-и Тоҷикистон ба изҳороти сафири Афғонистон дар Маскав
Январ 12, 2017 21:04 Asia/Dushanbe
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо судури баёнияе изҳороти ахири Умар Софӣ, волии собиқи вилояти Кундуз ва Абдулқаюми Кӯчӣ, сафири Афғонистон дар Маскавро муғризона ва дасисаи хатарнок арзёбӣ кардааст.
ВУХ-и Тоҷикистон дар баёнияи худ хостори тавзеҳи давлати Кобул дар робита ба изҳороти бепояи бархе мақомоти ин кишвар алайҳи Тоҷикистон шудааст.
Гузориши ҳамкорамон Беҳрӯзи Саидхоҷа аз Душанбе.