Январ 14, 2017 09:47 Asia/Dushanbe
  • Лағви маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар як паём аз лағви маҳдудияти барқ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём эълом кард, ки лимити барқ дар ин кишвар аз имрӯз (14 январ) лағв мешавад. Раҳмон таъкид кардааст, ки ба далели мусоид шудани обу ҳаво ва афзоиши мизони вуруди об ба садди нерӯгоҳҳои барқи обии ин кишвар заминаи лағви маҳдудияти барқ фароҳам шудааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамзамон аз мардуми кишвараш хостааст, ки дар масрафи барқ сарфаҷӯӣ кунанд.

Маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон аз аввали моҳи ноябри гузашта роҳандозӣ шуд ва бар асоси он, аҳолии Тоҷикистон ба ғайр аз сокинони шаҳри Душанбе ва марказҳои вилоятҳо дар як шабонарӯз фақат аз соати 5 то 11 ва аз соати 16 то 22, ба муддати 12 соат нерӯи барқ дошт. Вале ҳафтаи гузашта ширкати давлатии “Барқи тоҷик” аз коҳиши маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон хабар дода эълом карда буд, ки мардум аз соати 5 то 22 ба барқ дастрасӣ доранд.

Ширкати давлатии “Барқи тоҷик” дар фасли сармо ба далели коҳиши захираи об дар пушти садди нерӯгоҳҳои барқи обии ин кишвар маҷбур ба роҳандозии лимити барқ мешавад.

 

Барчасп