Кашфи беш аз 6 ҳазор тонна маҳсулоти ғайриқобили истифода дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i11779-Кашфи_беш_аз_6_ҳазор_тонна_маҳсулоти_ғайриқобили_истифода_дар_Тоҷикистон
Раиси “Тоҷикстандарт” аз кашфи беш аз 6 ҳазор тонна маҳсулот дар Тоҷикистон хабар дод, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст. Ин миқдор маҳсулот танҳо дар соли 2016 кафш шудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 14, 2017 11:11 Asia/Dushanbe
  • Кашфи беш аз 6 ҳазор тонна маҳсулоти ғайриқобили истифода дар Тоҷикистон

Раиси “Тоҷикстандарт” аз кашфи беш аз 6 ҳазор тонна маҳсулот дар Тоҷикистон хабар дод, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст. Ин миқдор маҳсулот танҳо дар соли 2016 кафш шудааст.

Ба гузориши сойти “Авесто”, Ибодуллоҳ Қурбониён гуфтааст, ки бештари ин маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла маводи ғизоӣ ба далели риоя нашудани муқаррароти ҳамлу нақл, мондан дар анборҳо ба муддати тӯлонӣ ва бетаваҷҷуҳии фурӯшандагон ғайриқобили истифода шудааст. Қурбониён афзуд, бахше аз ин маҳсулот нобуд ва миқдоре низ барои коркарди дубора ба корхонаҳои саноатӣ ирсол шудааст. Раиси оҷонсии “Тоҷистандарт” таъкид кардааст, ки соли гузашта ҳамчунин беш аз 120 тонна масолеҳи сохтмонӣ, 3 ҳазору 200 метр сим ва кабели барқ, 6 ҳазор чароғи барқӣ ва 1 512 бастаи сигори ғайристандартӣ кашфу мусодира шуда, афроди мутахаллиф низ беш аз як миллиону 180 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Гуфта мешавад, иддае аз тоҷирони Тоҷикистон бахше аз маҳсулоти саноатӣ ва масолеҳи сохтмонии арзони чиниро, ки сифати хуб надоранд, вориди ин кишвар мекунанд, ки бо худдории мардум аз хариди онҳо ин маҳсулот солҳо дар анбору бозорҳо боқӣ мемонад.