Тоҷикистон аз Белорусия автобус ворид мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i11791-Тоҷикистон_аз_Белорусия_автобус_ворид_мекунад
Тоҷикистон қасд дорад, дар чорчӯби қарордоди лизингӣ аз Белорусия автобус ворид кунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 14, 2017 08:55 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон аз Белорусия автобус ворид мекунад

Тоҷикистон қасд дорад, дар чорчӯби қарордоди лизингӣ аз Белорусия автобус ворид кунад.

Ба гузориши хабаргузории “Авесто”, Шералӣ Ганҷалзода, вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон ва Олег Иванов, сафири Белорусия дар ин кишвар дар дидоре дар шаҳри Душанбе бархе масоили марбут ба рушди ҳамкориҳои ду кишварро дар бахши ҳамлу нақл тавофуқ карданд, ки ҷониби Тоҷикистон ба сурати лизинг аз Белорусия автобус, воситаҳои техникӣ ва таҷҳизоти роҳсозӣ ворид мекунад. Сафири Белорусия бо ишора ба тавсеаи равобити рӯ ба рушди ду кишвар таъкид кардааст, ки тарафи Белорусия омодааст, воситаҳои техникӣ ва таҷҳизоти босифатро дар ихтиёри Тоҷикистон гузорад. Қарор шудааст, ду тараф ҳафтаи оянда баҳсҳоро дар мавриди ҷузъиёти ҳамкориҳои дуҷониба идома диҳанд.

Пас аз фурӯпоши Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, аз 5 сентябри соли 1996 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорусия робитаҳои дипломатии дуҷонибаро оғоз карданд. Ин ду кишвар дар қолаби созмонҳои байналамилалӣ, монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҳамкориҳои наздик доранд.