Издиҳоми шаҳрвандони Тоҷикистон дар назди намояндагии Сарраёсати муҳоҷирати Русия
(last modified Sat, 14 Jan 2017 10:15:17 GMT )
Январ 14, 2017 15:15 Asia/Dushanbe
  • Издиҳоми шаҳрвандони Тоҷикистон дар назди намояндагии Сарраёсати муҳоҷирати Русия

Бо оғози номнависӣ барои ширкат дар барномаи муҳоҷират дар намояндагии Сарраёсати муҳоҷирати Русия дар Душанбе теъдоди зиёде дар назди ин намояндагӣ ҷамъ омадаанд.

Ба иттилои “Спутник”, ин тарҳ, ки аз 12-уми январ оғоз шудааст, боиси ҳузури анбуҳи довталабон дар назди намояндагии Сарраёсати муҳоҷирати Русия дар Душанбе шудааст.

Владислав Маркевич, раиси намояндагии Сарраёсати муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, ин намояндагӣ панҷ рӯз дар ҳафта фаъол аст ва мардум метавонанд дар рӯзҳои корӣ, аз соати 9 то 13 барои номнависӣ дар ин барнома ройгон муроҷиат кунанд. Ӯ таъкид кардааст, дар ин барнома авлавият бо касоне дода мешавад, ки бо забону фарҳанги русӣ ошноӣ доранд.

То кунун беш аз 60 минтақаи Федератсияи Русия расман хостори пазириши шаҳрвандони Тоҷикистон шудааст. Русия дар бахшҳои тиб, маориф ва кишоварзӣ ба нерӯи корӣ ниёз дорад. Ба қавли мақомоти муҳоҷирати Русия, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд аз тариқи барномаҳои давлатӣ ба Русия муҳоҷират кунанд, ҳамасола рӯ ба афзоиш аст. Аз соли 2000-ум то кунун тақрибан ним миллион шаҳрванди Тоҷикистон сукунати доимӣ дар Русияро баргузида, бештари онҳо ҳамроҳ хонаводаҳояшон шаҳрвандии ин кишварро ба даст овардаанд.