Январ 14, 2017 15:31 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи муҷтамаи варзишӣ дар Конибодом

Як муҷтамаи варзишии ҷадид дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ба истифода дода шуд.

Ба гузориши АМИТ “Ховар”, маросими ифтитоҳи ин муҷтамаи варзишӣ имрӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Конибодом бо ҳузури раиси шаҳр, вакили Маҷлиси намояндагон, собиқадорони варзиш ва ҷамъе аз ҷавонон баргузор шуд.

Ин муҷтамаи варзишии ҷадид муҷаҳҳаз бо толорҳои мухталиф, аз ҷумла толори бокс ва бадансозӣ аст, ки бо масрафи беш аз 800 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон сохта шудааст. Ин муҷтамаи варзишӣ дар оянда ба истахр (сауна), толори машқҳои гимнастикӣ ва теннис низ муҷаҳҳаз хоҳад шуд.