Барномаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон барои донишҷӯёни тоҷик
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон барои донишҷӯёни тоҷик, ки дар давраҳои омӯзиши барномаи ҳимоят аз демократияи ин сафорат ширкат кардаанд, озмуни дарёфти ҷоизаҳои молӣ эълом кардааст.
Ба гузориши сойти Спутник, ҳадаф аз эъломи ин озмун мушорикати он идда аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар давраҳои омӯзишии сафорати Амрико омӯзиш дидаанд дар таҳияи тарҳҳои марбут ба рушди демократия ва ислоҳоти иқтисодии дар ин кишвар мебошад.
Маблағи ҷоиза барои тарҳҳое, ки аз сӯи созмонҳо ироа мешаванд 5 ҳазор доллар ва афроди ҷудогона 3 ҳазор доллар муқаррар шудааст. Бар асоси таъкиди сафорати Амрико дар Тоҷикистон, афроди довталаб барои ширкат дар ин озмӯн бояд тарҳҳои худро бар меҳвари мавзуоте, назири муқобила бо хушунатҳои ифротӣ, дастрасӣ ба омӯзишу парвариш, мушорикати шаҳрвандон дар раванди сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа, зарурати ошноии занон ва духтарон бо ҳуқуқҳои хеш, иттилооти шаҳрвандон аз масоили ҷаҳонисозӣ, масоили зист муҳитӣ, фаъолияти бахши хусусӣ ва ҷавонон, идғоми иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва огоҳии мардум аз эдз ва амсоли он, мутамаркиз намоянд.
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки матнҳои тарҳҳои ироа шуда ба забони англисӣ бояд навиштаи афроди довталаб бошад ва тарҷумаи роёнаии матолиби ирсолӣ қобили пазириш нест. Илова бар ин афроде, ки пас аз гузарондани давраҳои омӯзишии солҳои қабл барандаи озмунҳои мушобеҳ шудаанд, аз ҳаққи мушорикат дар озмӯни имсол бархӯрдор намебошанд.