Январ 15, 2017 20:38 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Вазорати умури хориҷаи Афғонистон ба изҳороти Кӯчӣ

Вазорати умури хориҷаи Афғонистон бо интишори баёнияе эълом кард, изҳороти ахири сафири ин кишвар дар Маскав дар иртибот бо Тоҷикистон баёнгари мавзеи ҳукумати Ваҳдати миллӣ нест.

Вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар баёнияе аз кишвари Тоҷикистон ба унвони ҳамсояи хуб ва дӯсти ҳамешагӣ ёд кард ва изҳороти Абдулқайюми Кучӣ, сафири Афғонистон дар Русияро дар бораи давлати Душанбе ва Маскав, назари шахсии ӯ эълом кард.

Абдулқайюми Кӯчӣ, сафири Афғонистон дар Маскав гуфта буд, ки маводи мухаддир дар Афғонистон тавлид мешавад, вале аз қочоқи ин мавод гурӯҳҳои мафияии Тоҷикистон ва Русия ҳимоят мекунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон сафири Афғонистон дар Душанберо дар вокуниш ба изҳороти ахири Абдулқайюм Кӯчӣ эҳзор кард ва бо ирсоли номае хостори баррасии ин мавзӯъ аз сӯйи давлати Афғонистон шуд.

Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон низ зимни ибрози маротиби нигаронии худ ба сафири Афғонистон дар Маскав гуфт, ки Тоҷикистон муттаҳиди Русия аст ва ҳар гуна иҳонат ба ин кишвар бо вокуниши шадиди Маскав рӯбарӯ хоҳад шуд.

 Вазорати умури хориҷаи Афғонистон июли соли 2016 бар асоси фармони мустақими раёсати ҷумҳурии ин кишвар, Абдулқайюми Кӯчиро ба унвони сафири Афғонистон дар Маскав муаррифӣ карда буд.

Пеш аз он Азизуллоҳ Карзай, амӯи Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии собиқи Афғонистон сафири Кобул дар Маскав буд.