Омори воқеии бекорӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i11899
Коршиносони умури иҷтимоӣ теъдоди афроди бекор дар Тоҷикистонро, ки Ожонсии омори ин кишвар эълом кардааст, воқеӣ намедонанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 16, 2017 10:26 Asia/Dushanbe
  • Омори воқеии бекорӣ дар Тоҷикистон

Коршиносони умури иҷтимоӣ теъдоди афроди бекор дар Тоҷикистонро, ки Ожонсии омори ин кишвар эълом кардааст, воқеӣ намедонанд.

Ба иттилои Toptj, Ожонсии омори Тоҷикистон эълом кард, теъдоди афроди бекор дар ин ҷумҳурӣ дар соли гузашта бо 3 ҳазор нафар афзоиш ба 54 ҳазору 800 тан расид, ки наздик ба 2,5 дарсад аз ҷамъияти ин кишварро ташкил медиҳад.

Аммо коршиносони умури иҷтимоии Тоҷикистон ин оморро ғайривоқеӣ медонанд.

Латиф Солеҳзода муътақид аст, ки омори афроди бекор дар Тоҷикистон байни 10 то 15 дарсад аст ва омори ироашуда аз сӯи Ожонсии омор воқеӣ нест.

Вай мегӯяд, садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ду далел аз доштани ҷои кор маҳрум ҳастанд, яке раванди печида ва коғазбозии идороти сабти номи ин афрод ва дуввум, ба иллати огоҳ набудани мардум аз қавонини иҷтимоӣ, гирифтани теъдоди воқеии бекорон мушкил аст.

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2016 давлати Тоҷикистон барои афроде, ки ба унвони бекор сабтином шудаанд, маблағи 6 миллион сомлнӣ кумак пардохт кардааст, ки дар асл бояд 37 миллион сомонӣ ҳазина мешуд.

Албатта Вазорати меҳнат ва муҳоҷрати Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар нимаи нахусти соли 2016 ба иллати буҳрони иқтисодӣ танҳо ба 50 дарсад аз афроди бекор ин кумаки молӣ ихтисос ёфтааст.

Раҳмон Улмасов, коршиноси умури иҷтимоӣ мегӯяд, ки ҳамасола 170 ҳазор нафар ба бозори нерӯи кори Тоҷикистон изофа мешаванд, ки теъдоди қобили мулоҳизае аз ин афрод ба далели ночиз будани дастмуздҳо рафтан ба Русияро тарҷеҳ медиҳанд.

Бар асоси гузориши Вазорати кишвари Русия дар ҳоли ҳозир 1 миллиону 146 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ҳузур доранд, ки аксари онон коргари муҳоҷир ҳастанд. Аммо бояд ба ин омор 500 то 700 ҳазор коргари муҳоҷири мавсимии тоҷикро изофа кард, ки ҳамасола бо гарм шудани ҳаво ба Русия мераванд ва пас аз 6 моҳ ба Тоҷикистон бармегарданд.

Вале корфармоёни рус барои пардохт накардани андоз ва коргарони муҳоҷири мавсимии тоҷик ба манзури сарфаҷуии молӣ аз дарёфти иҷозатномаи кор фирор мекунанд, ки ҳар ду тараф ҳеч масъуляти ҳуқуқӣ дар қиболи якдигар надоранд ва аз ин шароит розӣ ҳам ҳастанд.