Январ 16, 2017 20:03 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои қирғизистониаш

Дар пайи суқути ҳавопаймои борбарӣ дар наздикии Бишкек, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли паёми таслият ба Аламосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон бо давлат ва миллати ин кишвар ибрози ҳамдардӣ кардааст.

Ба навиштаи сайти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Отамбоев тасреҳ кардааст: "Аз хабари суқути ҳавопаймои борбарии ширкати туркӣ, ки сабаби ҷон бохтан ва захмӣ шудани даҳҳо шаҳрванд ва ворид шудани хисороти густурда ба хонаҳои маскунӣ дар атрофи шаҳри Бишкек шуд, андӯҳгин шудам".

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо таслияти ин фоҷиа ба тамоми мардуми Қирғизистон барои осебдидагони ин ҳодиса орзӯи беҳбудӣ кардааст.