Ҷойи холии Давлатманд Холов дар ҷашнвораи мусиқии “Фаҷр”-и Эрон
Давлатманд Холов, хонанда ва навозандаи номдори тоҷикистонӣ ба иллати мушкили қалбӣ аз ҳузур дар ҷашнвораи мусиқии “Фаҷр”-и Эрон бозмонд.
Ба гузориши ИРНА, Ҳамидризо Нурбахш, мудири сивудувумин ҷашнвораи мусиқии “Фаҷр” дар бораи лағви консерти Давлатманд Холов дар ҷашнвораи “Фаҷр” гуфт: “Устод Давлатманд Холов ахиран ба иллати оризаи қалбӣ дар бемористон бистарӣ шуда ва аз рӯзи гузашта низ ба як бемористони хусусӣ интиқол ёфтааст”.
Нурбахш афзуд, ин ҳунарманди тоҷикистонӣ дар раванди пайгирии дарёфти визаи вуруд ба Эрон, бародарашро аз даст дод, ки ин ҳодиса муҷиби афтодагии рӯҳии вай шуд. Бо ин ҳол, ҳузури худро дар ҷашнвора лағв накард, аммо пас аз муддати кӯтоҳ ба иллати беморӣ дар бемористон бистарӣ шуд ва аз сафар ба Эрон бозмонд.
Мудири сивудувумин ҷашнвораи мусиқии “Фаҷр”-и Эрон дар бораи вазъияти ҷисмонии Давлатманд Холов гуфт: “Консулгарӣ ва Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон аҳволи ин ҳунарманди арсаи мусиқиро пайгирӣ мекунанд ва мо ҳам бо вай дар тамос ҳастем”.
Давлатманд Холов қарор буд фардо дар толори Ваҳдати Теҳрон консерт дошта бошад, ки ин барнома ба иллати бемории вай лағв шудааст.
Ҷашнвораи мусиқии “Фаҷр” яке аз муҳимтарин ҷашнвораҳои ҳунарӣ дар Эрон аст, ки ҳар сол ҳамзамон бо Солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ дар моҳҳои январ ва феврал баргузор мешавад.